- Wednesday June 4th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 3 июни соли 2025, ҳайати сармоягузорон аз Ҷумҳурии Италия ва Англия бо сафари корӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд. Мақсади асосии ташрифи меҳмонон шиносоии наздик бо фазои сармоягузорӣ, имкониятҳои иқтисодӣ, муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва инфрасохтори муосири минтақа буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Данғара» меҳмононро бо самтҳои афзалиятноки фаъолияти минтақа, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, шароити ҳуқуқии таъсиси корхонаҳо ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ муфассал шинос намуданд.
Сармоягузорон зимни боздид аз қаламрави МОИ «Данғара» бо инфрасохтори мавҷуда, шабакаҳои муҳандисиву нақлиётӣ ва имкониятҳои воқеии татбиқи лоиҳаҳои саноативу истеҳсолӣ аз наздик ошно шуданд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак ва роҳандозии лоиҳаҳои дорои аҳамияти стратегиро баррасӣ намуданд.
Ташрифи сармоягузорон аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо як қадами муҳими ҷалби сармояи хориҷӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Маъмурияти МОИ «Данғара» омодагии худро барои ҳамкории пурсамар ва фароҳам сохтани тамоми шароитҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо шарикони хориҷӣ изҳор дошт.


Русский
English