- Thursday May 22nd, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 21 майи соли 2025 гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари корӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ташриф оварданд.
Ҳадафи асосии ин сафар шиносоӣ бо имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ, муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва баррасии роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратӣ буд. Меҳмонон аз раванди фаъолияти субъектҳои истеҳсолии минтақа боздид намуда, бо шароити мавҷуда аз наздик шинос гардиданд. 

Роҳбарияти МОИ “Данғара” дар рафти мулоқот бо сармоягузорони Ҷумҳурии Қирғизистон тамоми имконияту шароити фароҳамшудаи минтақа, аз ҷумла имтиёзҳои андозию гумрукиро муаррифӣ намуда, онҳоро ба ҳамкории судманди дуҷониба барои рушди тиҷорат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак даъват карданд.
Ин ташриф қадами муҳим дар самти тақвияти равобити иқтисодии ду кишвар маҳсуб ёфта, ба густариши муносибатҳои шарикӣ ва рушди устувори минтақа замина хоҳад гузошт.


Русский
English