Ҷаласаи корӣ назди Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

Санаи 22 майи соли 2025 дар бинои Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии Роҳбари МОИ “Данғара” бо иштироки субъектҳои истеҳсоли инчунин намояндагони мақомоти гумрук ва андоз баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба расмиятдарории неруи барқ”, пешгирии қоидавайронкуниҳо дар соҳаи энергетика, ҳамчунин ҳисоботдиҳии субъектҳо вобаста ба фаъолияти истеҳсолӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён ҳамчунин мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои беҳтар намудани ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва таҳкими муҳити сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо зарурати беҳсозии шароити фаъолияти соҳибкорӣ, содда гардонидани тартиботи гумрукӣ ва андозбандӣ, ҳамчунин таъмини шаффофият дар равандҳои оморӣ ва ҳисоботиро таъкид карданд.

Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор барои ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда ва дастгирии фаъолонаи соҳибкорон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.



Leave a Reply