- Tuesday May 13th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 12 май соли 2025 боздиди ду гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар МОИ «Данғара». Ҳадафи асосии сафар ин гурӯҳҳо шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ, шароити ҳуқуқӣ ва инфрасохтори мавҷудаи минтақа мебошад.
Дар рафти боздид, Роҳбарияти Маъмурият ба меҳмонон доир ба иқтидори истеҳсолии минтақа, лоиҳаҳои амалкунанда ва шароити фароҳамшуда барои ҷалби сармоягузориҳо маълумоти муфасал пешниҳод намуд. Ҳамчунин, меҳмонон бо фаъолияти як қатор ширкатҳои ватанию хориҷие, ки аллакай дар минтақа фаъолият доранд, шинос шуданд.
Сармоягузорон изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла МОИ «Данғара» дорои захираҳои ғанӣ, имкониятҳои васеи истеҳсолӣ ва иқтидори рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад. Онҳо омадагии худро барои густариши ҳамкориҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби техналогияи муосир байён намуданд.
Ин боздид қадами муҳиме дар ҷодаи таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин арзёбӣ мегардад. Он дар самти рушди бахши саноат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ нақши муоссир хоҳад гузошт.
Маъмурияти МОИ «Данғара» изҳори омодагӣ намуд, ки ба сармоягузорон тамоми шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ, техникӣ ва логистикиро фароҳам меорад, то ки онҳо битавонанд фаъолияти худро дар муҳити устувори иқтисодӣ ба роҳ монанд.


Русский
English