- Monday May 12th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвият бахшидани фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо ин мақсад имрӯз Роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба ҶДММ «Меҳрноз», ки сармоягузори эронӣ мебошад, Шоҳодатнома барои фаъолият дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» тақдим гардид.
Ширкати мазкур, ки бо сармояи хориҷӣ таъсис ёфтааст, дар самти истеҳсоли маводҳои шустушӯй фаъолият хоҳад кард.


Русский
English