Боздиди сармоягузорони Ҷумҳурии халқи Хитой аз Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара».

Санаи 08 майи соли равон сармоягузорони Ҷумҳурии Хитой бо ҳадафи шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва технологияи нав боздид ба амал оварданд.

Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии ,,Данғара” зимни суҳбат бо сармоягузорони Ҷумҳурии Хитой қайд карданд, ки сармоягузории Хитой дар МОИ «Данғара» намунаи муваффақи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Ин ҳамкориҳо на танҳо ба рушди саноат ва иқтисодиёти Минтақа мусоидат мекунад, балки ҷойҳои нави корӣ эҷод намуда, ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳм мегузорад.



Leave a Reply