- Monday April 21st, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 20 апрели соли равон Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо ҳадафи шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва техналогияи нав боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни боздид, Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон бо роҳбарияти Минтақа ва намояндагони корхонаҳои фаъол дар МОИ «Данғара» мулоқот намуда, бо фаъолияти корхонаҳо, инфрасохтор ва шароити сармоягузорӣ аз наздик шинос гардид.
Ҷаноби Раҷеш Уике барои ҷалби сармоягузорони Ҳиндустон ба МОИ «Данғара» изҳори қаноатмандӣ ва омодагӣ зоҳир намуд.
Бояд қайд кард, ки боздид ба таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон мусоидат намуда, заминаи муосиде барои ҷалби сармоягузориҳои нав ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба фароҳам меорад.


Русский
English