Забони миллат ҳастии миллат!

Санаи 15 апрели соли 2025 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти Минтақаи озоди иктисодии «Данғара» таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод Рахматулло семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин чорабинии омӯзишӣ роҳбарон ва кормандони Маъмурият иштирок намуданд.

Семинари мазкур бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба риояи дурусти меъёрҳои имло ва истифодаи забони давлатӣ бар санадҳои расмӣ, номгузории корхонаҳо ва муоширати хизматаӣ ташкил карда шуд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар суханронии худ таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун нишонаи асосии ҳуввияти миллӣ бояд бо эҳтиром ва масъулияти баланд истифода шавад. Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Кумита тавзеҳоти муфассал оид ба меъёрҳои нави имло, тағйиру иловаҳои охир ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва дигар санадҳои марбута пешниҳод гардид.

Вохурӣ дар фазои самимӣ ва созанда сурат гирифт ва дар интиҳо ба роҳбарон ва кормандони Маъмурият аз ҷониби Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот маводҳои омӯзишӣ тақдим карда шуд.

Бахши умумӣ ва иттилооти МОИ «Данғара».



Leave a Reply