- Friday March 7th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боло бардоштани мақоми зан-модар дар ҷомеа имрӯз санаи 7 марти соли 2025 Роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисоди «Данғара» аҳли бонувони Маъмурият ва дар шахсияти онҳо тамоми бонувони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати рузи модарон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки занон ва модарони тоҷик бе шак созандагони таърих, меҳрофаринони рӯзгор, ҳомиёни сулҳу Ваҳдати миллӣ, тарбиятгарони фарзандони бо нангу ори Ватан ва ситорагони фурӯзони осмони ахлоқу инсоният мебошанд.
Дар интиҳо ба бонувони Маъмурият аз ҷониби Роҳбарияти Маъмурият туҳфаҳои хотиравӣ дастрас гардонида шуд.
Чашн муборак, бонувони арҷманд!
Бахши умумӣ ва иттилооти МОИ «Данғара>>


Русский
English