Ташкили аксияи ниҳолшинонӣ ва тоза кардани гирду атрофи Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободонӣ, созандагӣ ва шинонидани дарахтони сояафкану ҳамешасабз ташкил ва роҳандозӣ гардида истодааст.

Масъулини МОИ “Данғара” баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи ниҳолшинонӣ ва тоза кардани гирду атрофро зери унвони “Сабзгардонии ватан” баргузор намуданд.



Leave a Reply