Нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон

Санаи 15 январи соли 2025 бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломи Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баргузор карда шуд, ки дар кори он 300 нафар соҳибкорону сармоягузорон иштирок доштанд.

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар ин нишаст иштирок намуда, бо Ширкати эронии Нарин Ёддошти тафоҳум оид ба сохтмони корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварай дар ҳудуди МОИ “Данғара” ба имзо расонид



Leave a Reply