- Friday January 24th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
Санаи 9 январи соли 2025 ҷаласаи кории роҳбари Маъмурият бо муовинон, роҳбари Дастгоҳ, сардори Раёсат ва сардорони шуъбаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои такмили дастурамалҳои мансабӣ, пешниҳодҳои дуруст ва дақиқи маълумоти оморӣ, омода намудани дизайни нави буклетҳо ва видиороликҳои Минтақа, фаъол намудани сомонаи расмии Минтақа, шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар интиҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.


Русский
English