ИМЗОИ ЁДДОШТИ ҲУСНИ ТАФОҲУМ БАЙНИ МОИ “ДАНҒАРА” БО МОИ “САРАХС” ВА ЯК ҚАТОР САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ДОИРАИ БАРГУЗОРИИ БИЗНЕС-ФОРУМИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи миллӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон доир гардид. Кори Бизнес-форумро муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова М.А. оғоз намуда, фикру андешаҳои худро оид ба зарурият ва муҳимияти баргузории Бизнес форуми мазкур баён намуданд.
Инчунин дар чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муҳтарам Муҳаммадтақии Собирӣ дар мавзуи фазои сармоягузорӣ байни ду кишвар суханронӣ намуд.
Дар Бизнес – форуми мазкур сармоягузорону намояндагони вазорату идораҳои марбута, соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ, роҳбарони ширкату корхонаҳо, минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо байни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар дар доираи форуми мазкур байни МОИ «Данғара» – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МОИ «Сарахс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, Корхонаи саноати равшаникунонӣ “Хесам Санат Шарғ”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон,  Корхонаи “Арман Сарма”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон  Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии ба имзо расонидани санадҳои мазкур, ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Минтақаи озоди иқтисодии «Сарахс» – и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар самти бунёди корхонаҳои наву муштараки саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, зимни вохуриҳои соҳибкор бо соҳибкор, яъне B2B аз ҷониби Роҳбарияти маъмурияти МОИ «Данғара» як қатор вохурию мулоқотҳо бо соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур, вохуриҳо ва мулоқоту суҳбатҳо бо доираи соҳибкрону сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.



Leave a Reply