Намояндагони бонки рушди Авруосиё, Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд ба МОИ “Данғара” ташриф оварданд.

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии мавҷуда дар мулоқоти роҳбарони намояндагии Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Паша Садихов, Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд Масрур Назриев ва роҳбари минтақаи мазкур Ятимзода Муҳаммад Аҳмад мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин дар доираи мулоқот тарафҳо масъалаҳои вобаста ба ҷалби маблағҳои грантии Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушдро барои бунёди инфрасохтори аввалиндараҷаи МОИ «Данғара», аз ҷумла кашидани хати оби нушоки бо масоҳати 15 км, таъмири роҳҳои дохилӣ, хатҳои обпарто ва марҳилаи дуюми панҷарабандии ҳудуди СЭЗ бо масоҳати 12 мавриди муҳокима қарор дода шуд. Тарафҳо барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар самти бунёди инфрасохтори МОИ “Данғара” , ки шарти муҳими ҷалби сармоя мебошад таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд

Намояндагони Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд ҳамзамон дар шакли умуми лоиҳаҳои афзалиятноки инвеститсионие, ки аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати Саноат ва технологияи нав, ва Вазорати молия пешниҳод гардидааст, мавриди музокима қарор дод.

Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки бо соҳибкорони ватанӣ, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати Саноат ва технологияи нав, Бонки рушди авруосиё, Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд, ва МОИ “Данғара” вохӯрии корӣ мегузаронанд.



Leave a Reply