Вилояти Хатлон

Вилояти Хатлон (порсӣولایت ختلان) — вилоятест дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Марказаш шаҳри Қӯрғонтеппа аст ки 100 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар каронаи рӯди Вахш ҷой гирифта аст.

Вилояти Хатлон расман дар 2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда аст.

Ҷойгоҳ

Вилояти Хатлон бо сарзамине 24 600 км² дар водии Вахш ҷойгир аст ва 17,2 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин вилоят дар шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ бо вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ғарб бо Узбакистон ҳаммарз аст.

Иқтисодиёт

Вилояти Хатлон 334 корхонаи санъатӣ дорад, ки 29,8 дарсад аз ҳаҷми умумии тавлидоти санъатии Тоҷикистонро тавлид мекунанд. Дар соли 2009 дар вилоят 15196 млн. квт/соат нируи барқ, 27,9 ҳазор трансфарматори ниру, 59,2 ҳазор тонна нахи пахта, 774,0 ҳазор тонна ғалла, 197,0 ҳазор тонна качолу, 197,9 ҳазор тонна пахта, 461,9 ҳазор тонна сабзиҷот, 360,5 ҳазор тонна полезиҷот тавлид шуда буд.

Саршумори чорводорони вилоят дар охири соли 2009 756,4 ҳазор сар, аз он ҷумла модагов 394,7 ҳазор сар, гӯсфанду буз 1720,6 ҳазор сар, асп 54,7 ҳазор сарро буда аст.

Барои рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон дар соли 2009 маблағи 1020987,9 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.