Хизматрасонии Маъмурият

Мақоми идоракунӣ дар ҳудуди МОИ «Данғара» Маъмурияти МОИ «Данғара» мебошад. Маъмурияти МОИ дар ҳар марҳилаи амалисозии лоиҳаи субъектҳо кӯмаки худро мерасонад.

Маъмурият дар доираи ваколатҳои худ дар асоси Низомномаи МОИ «Данғара» чунин хизматрасониҳоро барои субъектҳо пешниҳод менамояд:

  • ҳимояи манфиатҳои субъектҳои  МОИ;
  • фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалб намудани сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ ва дигар намуди захираҳо;
  • пешниҳоди замин барои иҷора ба субъектҳои МОИ, инчунин дигар иншооти МОИ «Данғара»;
  • ташкили маркази иттилоотӣ, бизнес-инкубаторҳо, анборҳо, биноҳои маъмурӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар сохторҳои зарурӣ барои таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди МОИ «Данғара»;
  • ҳамоҳангсозии корҳои ташкилотҳои илмӣ, лоиҳавӣ, саноатӣ, сохтмонӣ ва дигар муассисаҳои ватанӣ ва хориҷие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти МОИ «Данғара» ҷалб мешаванд;
  • баррасии бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон;
  • ба довталабон додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойгиршавӣ ва нишонии ҳуқуқӣ дар МОИ «Данғара»;
  • танзими робитаҳои МОИ «Данғара» бо бозори байналмилалӣ;
  • ташкили омўзиш, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои МОИ «Данғара», иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташаккули кадрҳо, шуғл, сиёсати ҷавонон ва муҳоҷират дар минтақа;
  • ташкили конфронсҳо, машваратҳо, семинарҳо ва ғайра;
  • додани сертификатҳо ба субъектҳои МОИ;
  • таъмини азхудкунии маблағҳо дар лоиҳаҳое, ки моҳияти умумиминтақавӣ доранд;
  • хизматрасонӣ дар гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.