Низомномаи МОИ “Данғара”

                                                                                                                                                                                                                                           Бо қарори

                                                                                                                                                                                                                                            Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

                                                                                                                                                                                                                                            Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                                                                                                                                                                            аз 20.01.2010 с. №1545

                                                                                                                                                                                                                                              тасдиқ шудааст.

 

НИЗОМНОМАИ

МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

  • Боби 1

    Муќаррароти умумї

    1. Низомномаи мазкур мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» ва Низомнома дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 5 декабри соли 2005 тањти №191 тасдиќ шудааст, тањия гардида, асосњои ташкилї, њуќуќию иќтисодии фаъолияти минтаќаи озоди иќтисодии шакли истењсолию инноватсионии Минтаќаи озоди иќтисодии «Данѓара» (минбаъд - МОИ «Данѓара»)- ро муайян менамояд.
    2. Маќсади асосии таъсиси МОИ «Данѓара»:
    - њавасмандгардонии рушди иќтидори иќтисодии Љумњурии Тољикистон, аз љумла бо роњи љалби сармоягузории ватанию хориљї, љорї намудани усулњои муосири идоракунї ва менељмент;
    - таъмини иштироки самараноки иќтисодиёти минтаќа ва кишвар дар таќсимоти байналмилалии мењнат, тараќќї додани њамкорињои тиљоратию иќтисодї бо кишварњои хориљї, афзун намудани иќтидори содиротии љумњурї;
    - таъмини рушди устувори иљтимоию иќтисодии минтаќа;
    - рушди шањрсозї дар минтаќањои атрофи МОИ «Данѓара», ташкил намудани инфрасохтори муосири муњандисию наќлиётї, телекоммуникатсионї, истењсолї ва иљтимої;
    - таъмин намудани ањолии минтаќа ва љумњурї бо кор, ташкили љойњои иловагии корї, баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї ва њалли дигар масъалањои иљтимоию иќтисодии минтаќа.
    3. Вазифањои асосии МОИ «Данѓара»:
    -рушди иќтидори иќтисодии минтаќа дар асоси њамгироии сармоягузорињои хориљї бо воситањои пулию моддии корхонаю ташкилотњои ватанї, ки ба шаклњои гуногуни моликият асос ёфтаанд;
    -љалби сармоягузорињои хориљї ва дохилї, техника ва технологияњои муосир, љорї намудани таљрибаи хориљии идоракунї ва усулњои нави хољагидорї;
    - љорї намудани навоварињо ва ихтирооти илмию техникии ватанї ва хориљї дар истењсолот бо истифодаи минбаъдаи онњо дар минтаќањои дигари кишвар;
    - ташкили шабакаи истењсолоти аз љињати экологї тоза, кам кардани харољоти истењсолот, истифодаи пурраи захирањои озоди мењнатї, табиї ва дигар захирањои мањаллї, барои истењсоли молу мањсулоти раќобатнок љињати содирот ва таъмини бозори дохилї;
    - бунёд ва ободонии њудуди МОИ «Данѓара», њифз ва њимояи муњити зист;
    - дар њудуди МОИ «Данѓара» ташкил намудани инфрасохтори истењсолї дар сатњи меъёрњои байналмилалї (алоќа, наќлиёт, коммуникатсия ва ѓайрањо);
    - ташаккул додани буљети мустаќили МОИ «Данѓара».

  • Боби 2

    Маќоми МОИ «Данѓара»

    4. Маќоми МОИ «Данѓара» бо сарњадоти он, заминаи ќонунгузорї ва низомњои махсуси њуќуќї, инчунин буљети минтаќа ва маќомоти идоракунии худї муайян мегардад.
    5. МОИ «Данѓара» дар њудуди ноњияи Данѓараи вилояти Хатлони Љумњурии Тољикистон ба мўњлати 25 сол дар масоњати умумии 242,31 гектар ќитъаи замин, ки аз њудудњои алоњида (мањдуд) иборат аст, таъсис дода мешавад.
    6. Дар њудуди МОИ «Данѓара» ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медарорад, амал мекунад.
    Муносибатњое, ки бевосита бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи минтаќањои озоди иќтисодї ба танзим дароварда нашудаанд, тибќи меъёрњои ќонунгузорие, ки ба моњияти онњо зид нестанд ва муносибатњои монандро танзим менамоянд, амалї мегарданд.
    7. Ба шахсони њуќуќї, намояндагињо, филиалњои шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї (резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон), ки фаъолияти худро дар њудуди МОИ «Данѓара» амалї менамоянд (минбаъд - субъектњои МОИ) низоми махсуси њуќуќии истифодаи замин, низомњои махсуси гумрукї, андозї ва дигар низомњои мўќаррарнамудаи Низомномаи мазкур ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти МОИ-ро ба танзим медароранд, амал мекунад.
    8. Дахолати маќомоти њокимияти давлатї ба фаъолияти молиявию хољагидории МОИ «Данѓара», ба ѓайр аз њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, манъ аст.
    9. МОИ «Данѓара» дорои буљети мустаќил буда, аз њисоби даромадњо ва пардохтњое, ки Низомномаи мазкур муайян намудааст, инчунин аз њисоби дигар манбањои маблаѓгузорие, ки ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мухолифат намекунанд, ташаккул меёбад.
    10. Маќоми идоракунї дар њудуди МОИ «Данѓара» Маъмурияти МОИ «Данѓара» мебошад (минбаъд - Маъмурияти МОИ).
    Маъмурияти МОИ њамчун муассисаи давлатии сатњи љумњуриявї таъсис ёфта, дар асоси Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тасдиќ мегардад, фаъолияти худро анљом медињад.
    11. Дар МОИ «Данѓара» чунин амалњо манъ аст:
    - иљрои корњои истифодаи захирањои зеризаминї (ба ѓайр аз истихрољи обњои зеризаминї барои таъмини фаъолияти субъектњои МОИ бо об);
    - истењсоли молњои зераксизї, ба истиснои истењсоли наќлиёти автомобилї ва дигар воситањои наќлиётии муњарриќдор, ки барои боркашонию мусофиркашонї пешбинї шудаанд;
    - истењсоли ќоѓазњои ќиматбањо, пул ва тангањо, маркањои почта;
    - истењсол, коркард ва фурўши воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо;
    - пахши барномањои радио ва телевизионї, ба истиснои хизматрасонии техникии радио ва телевизион;
    - истењсол, коркард, нигоњдорї, безараргардонї ва фурўши маводњои хатарнок ва радиоактивї;
    - истењсоли мањсулоти аввалияи металлургияи ранга ва сиёњ;
    - табобати касалињои руњї дар шакли агрессивї ва беморињои сирояткунанда;
    - табобати њайвонњое, ки касалињои хавфнок доранд;
    - фаъолияте, ки ба масъалањои муњољирати мењнатии хориљї алоќамандї дорад;
    - бунёди истењсолоти аз љињати экологї хатарнок, ки ба муњити зист зараровар мебошад;
    - фурўши маводи сўзишворию равѓанњои молиданї дар њудуди МОИ ба шахсони воќеї ва њуќуќї, ки ба субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї мансуб нестанд;
    - фурўши чаканаи молу ашё, ба истиснои фурўши чаканаи мањсулоти ниёзи мардум барои истеъмоли дохилї бо тарзи ташкили фаъолияти субъектњои МОИ оид ба савдо ва хўроки умумї дар љойњои аз љониби Маъмурияти МОИ муайянкардашуда;
    - фаъолияти хољагидорию тиљоратї, ки бо таъмини амният ва дифои давлат, инчунин бо истењсол, коркард, нигоњдорї ва фурўши яроќ, лавозимоти љангї, моддањои тарканда, воситањои нашъадор, моддањои психотропї алоќамандї дорад;
    - воридоти воситањои нашъадор, моддањои психотропї, яроќ, лавозимоти љангї, дигар молњое, ки фурўш ва интиќоли онњо дар Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шудаанд;
    - ташкил намудани ќимор ва лотереяњо, ќиморхонањо (казиноњо), видеосалонњо, бозињои автоматикї ва њоказо.
    12. Рељаи кории МОИ «Данѓара» аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муќаррар карда мешавад. Рељаи кории субъектњои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ муќаррар карда мешавад.
    13. Аз њудуди МОИ «Данѓара» содироти молњо ба кишварњои дигар њавасманд карда мешавад.
    Нисбати истифодаи њатмии ашёи хом ва маводњои мањаллї бар ивази ашёи хом ва маводњои воридотї талабот муќаррар карда намешавад.

  • Боби 3

    Намудњои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Данѓара»

    14. Намудњои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Данѓара»:
    - коркарди саноатии мањсулоти кишоварзї;
    - истењсоли ресмонњои дўзандагї, мањсулоти трикотажї, матоъњои сунъї ва синтетикї, матоъњо ва мањсулоти тайёр аз ресмони шоњї ва пахтагин, матоъњои тайёр ва мањсулоти дўзандагии пашмї, коркарди пўсти чорвои майда ва калон бо истењсоли мањсулоти тайёри чармин, пойафзол ва галантереяи чармин;
    - рангубор кардани матоъњо ва истењсоли мањсулоти тайёр барои соњаи дўзандагї, истењсоли матоъњои пардаворї ва рўйкаш барои мебелсозї, истењсоли фурнитураи истифодаи гуногун;
    - истењсоли курсию мебел;
    - истењсоли рангњои гуногуни сунъї ва синтетикї;
    - истењсоли крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза;
    - мошинсозї (васлкунї ва истењсоли автомобилњо, тракторњо ва техникаи гуногунтамѓа барои соњаи кишоварзї ва дигар соњањо, ќисмњои эњтиётї барои онњо, таљњизот ва техникаю технологияи соњаи коркард, хизматрасонї ва ниёзи мардум, насосњои обкаш ва дигарњо);
    - истењсоли лўлањои ѓайриметаллї барои соњањои гуногун;
    - истењсоли мањсулоти электротехникї, радиоэлектронї ва техникаи соњаи маишї;
    - истењсоли нурињои минералї ва биоиловагињо барои соњаи кишоварзї;
    - коркарди сангњои кўњї, истењсоли масолењи сохтмонї ва ороишї;
    - истењсоли нахњои шишагї, рухомї ва мањсулоти тайёр аз онњо;
    - истењсоли масолењи сохтмони замонавї (шиша, дару тиреза, хиштњо ва панелњои гарминигоњдорандаи стандарти байналмилалї, мањсулоти ороишии пластикї (ба истиснои хишти сохтмонї);
    - истењсоли мањсулоти гаљї;
    - истењсоли симњои электрикии гуногунтамѓа;
    - истењсоли мањсулот аз коркарди партовњои маишї (бе технологияи коркарди аввалия);
    - истењсоли мањсулоти атторї ва маводњои шустушўйии кимиёвї;
    - истењсоли мањсулоти фарматсевтї ва доруворї;
    - истењсоли таљњизоту лавозимот барои соњаи тандурустї;
    - истењсоли таљњизот ва лавозимоти рўшанидињанда;
    - фаъолияти нархгузорї, ќарздињї, суѓуртакунї, консалтингї, аудиторї, лизингї ва сертификатсиякунонї;
    - фаъолият дар самти технологияи иттилоотї;
    - фаъолият дар самти тадќиќоти илмию техникї, фаъолияти инноватсионї, рушди нанотехнология, биотехнология ва дигарњо.

  • Боби 4

    Субъектњои МОИ «Данѓара»

    15. Ба сифати субъектњои МОИ «Данѓара» шахсони њуќуќї, филиал ва намояндагии онњо, соњибкорони инфиродї (резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон) эътироф карда мешаванд, ки:
    - тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз ќайди давлатї гузаштаанд;
    - шартномаи пешбурди фаъолиятро дар њудуди МОИ «Данѓара» бо Маъмурияти МОИ ба имзо расонидаанд;
    - сертификати субъектњои МОИ «Данѓара»- ро тибќи тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинї шудааст, соњиб гардидаанд.
    16. Субъектњои МОИ фаъолияти худро дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медароранд, ба роњ мемонанд.
    17. Шахсони њуќуќї, намояндагињо, филиалњои шахсони њуќуќї, шахсони воќеї ва соњибкорони инфиродї (резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон), ки дар њудуди МОИ «Данѓара» то таъсисёбии он фаъолият доштанд, дар мўњлати 1 сол аз рўзи ба фаъолият шурўъ намудани Маъмурияти МОИ бояд вазъи ташкилию њуќуќии худро бо муќаррароти Низомномаи мазкур мувофиќ намоянд.
    Дар њолати аз тарафи онњо иљро накардани талаботи Низомномаи мазкур Маъмурияти МОИ оид ба баргардонидани ќитъаи замин барои эњтиёљоти давлатї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи замин љињати ќабули ќарори дахлдор ба маќоми ваколатдори давлатии замин мурољиат мекунад.
    18. Баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї, шахси њуќуќї, филиал ё намояндагии шахси њуќуќї, резидентњо ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон (минбаъд - довталаб), ки хоњиши гирифтани маќоми субъектњои МОИ «Данѓара»- ро доранд, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур сурат мегирад.
    19. Маъмурияти МОИ барои баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї, шахси њуќуќї, филиал ва намояндагии шахсони њуќуќї -резидентњо ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон њамчун субъектњои МОИ ба довталаб њуљљати тасдиќкунандаи нишонии њуќуќї дар МОИ «Данѓара»-ро медињад.
    20. Барои гирифтани њуљљати тасдиќкунандаи нишонии њуќуќї дар МОИ «Данѓара» довталаб ба Маъмурияти МОИ бо ариза ва замима намудани иттилоот дар бораи довталаб, бизнес-наќша(њо) ва (ё) лоиња(њо)и сармоягузорї мурољиат менамояд.
    21. Бизнес-наќша (њо) ва лоиња (њо) и сармоягузорї бояд ба талаботњои зерин мутобиќат намоянд:
    - њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти истењсолї – на камтар аз маблаѓи эквиваленти 500 њазор доллари ИМА;
    - ворид намудани на кам аз 90 фоизи таљњизоти технологї – истењсолї;
    - мўњлати ќаблан истифодашудаи таљњизоти технологї – истењсолии воридшаванда на бояд аз 3 сол зиёд бошад;
    - оѓоз намудани истењсоли мањсулот на дертар аз 3 сол аз рўзи баќайдгирии давлатї њамчун субъекти МОИ;
    - њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти содиротию воридотї – на камтар аз маблаѓи эквиваленти 50 њазор доллари ИМА;
    - њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти хизматрасонї – на камтар аз эквиваленти 10 њазор доллари ИМА.
    Њуљљатњое, ки ба талаботи банди мазкур љавобгўй намебошанд, барои баррасї ќабул карда намешаванд.
    22. Маъмурияти МОИ дар мўњлати се рўзи корї аз рузи гирифтани ариза, довталабро бо ќарори ќабулшуда огоњ мекунад.
    23. Довталабон барои дурустии маълумоти пешнињодшуда мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон масъул мебошанд.
    24. Шакл ва тартиби омода намудани ариза, маълумоти иттилоотї, бизнес-наќша ва (ё) лоињаи сармоягузории довталаб аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тањия ва тасдиќ мегардад.
    25. Довталаб барои гирифтани сертификати субъектњои МОИ (минбаъд - сертификат) бо Маъмурияти МОИ шартномаи фаъолиятро (минбаъд - шартнома) ба имзо мерасонад.
    Дар шартнома талабот оид ба фаъолият дар њудуди МОИ «Данѓара», тартиби истифодаи имтиёзњо ва низомњои махсус, ќитъаи замин, бино, иншооти истењсолию маъмурии ба иљора додашаванда, коммуникатсияњо, муносибатњои молиявию хољагидорї ва дигар талаботи дар Низомномаи мазкур пешбинишуда дарљ мегардад.
    26. Барои ба имзо расонидани шартнома довталаб ба Маъмурияти МОИ бояд чунин њуљљатњоро пешнињод намояд:
    - ариза;
    - њуљљатњои тасдиќкунандаи баќайдгирии давлатї дар њудуди МОИ «Данѓара»;
    - намунањои имзоњои шахсони ваколатдори довталаб.
    27. Маъмурият дар мўњлати 3 рўзи корї њуљљатњои пешнињоднамудаи довталабро баррасї намуда, лоињаи шартномаро бо довталаб омода ва ба имзо мерасонад.
    28. Баъди ба имзо расидани шартнома ба довталаб сертификат дода мешавад.
    29. Сертификат њуљљати баќайдгирии довталаб ба сифати субъекти МОИ ба њисоб рафта, барои дар њудуди МОИ «Данѓара» пешбурди фаъолият, истифодаи имтиёзњову низомњои махсуси пешбининамудаи Низомномаи мазкур иљозат медињад.
    30. Шакл ва мазмуни шартнома ва сертификат аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тањия ва тасдиќ мегардад.
    31. Арзиши сертификат 5 њазор доллари ИМА-ро ташкил медињад.
    32. Маъмурияти МОИ дафтари баќайдгирии сертификатро бо шакли аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муќарраргардида пеш мебарад.
    Дар дафтари ќайд, маълумоти асосї дар бораи субъектњои МОИ дарљ гардида, ба сертификат раќами баќайдгирї дода мешавад.
    33. Дар њолати таѓйир ёфтани намуди фаъолият ё шакли ташкилию њуќуќии субъекти МОИ таѓйироти зарурї ба дафтари ќайд ворид карда мешавад.
    34. Таѓйир додани намуди фаъолият ё шакли ташкилию њуќуќї мувофиќи аризаи субъекти МОИ дар асоси ќарори Маъмурияти МОИ анљом дода мешавад. Дар ин њолат ба субъекти МОИ сертификати нав дода мешавад ва сертификати кўњна бекор карда мешавад.
    35. Боздошти муваќќатї ва азнавбарќароркунии фаъолияти субъекти МОИ, инчунин беэътибор донистани сертификати субъекти МОИ бо асосњои зерин амалї карда мешаванд:
    1) боздошти муваќќатии фаъолияти субъектњои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ дар мўњлати то 3 моњ њангоми ба амал омадани њолатњои дар поён пешбинишуда амалї мегардад:
    - дар њолатњои иљро нагардидани шартњои шартнома бо Маъмурияти МОИ аз љониби субъектњои МОИ «Данѓара»;
    - њангоми аз љониби субъектњои МОИ, намояндаи ваколатдор ё корманди он расонидани зарар ба объектњои хизматрасонї ва таљњизоти МОИ «Данѓара» ва идомаи ин амалњо новобаста аз огоњ кардан аз тарафи Маъмурияти МОИ ва (ё) напардохтани зарари расонидашуда;
    - њангоми аз љониби субъектњои МОИ риоя нагардидани талаботи Низомномаи мазкур ё роњ додан ба вайронкунињои тартибе, ки дар МОИ «Данѓара» муќаррар гардидааст;
    2) азнавбарќароркунии фаъолияти субъектњои МОИ бо иљозати Маъмурияти МОИ дар њолати иљрои шартњо ё аз байн бурдани сабабњои боздоштани фаъолияти субъектњои МОИ амалї карда мешавад;
    3) бекор намудани (беэътибор њисобидани) сертификат аз тарафи маъмурияти МОИ баъди гузаронидани тафтиши далелу маълумотњо дар њолатњои зерин амалї мегардад:
    - агар муайян шавад, ки дар давоми мўњлати дар шартњои шартнома нишондодашуда сабабњое, ки ба ќатъи муваќќатии фаъолияти субъектњои МОИ асос гардида буданд, аз байн нарафтаанд;
    - агар муайян шавад, ки аз тарафи субъектњои МОИ талаботњои низомномаи мазкур ва санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон, вайрон шуда бошад;
    36. Дар њолати бекор намудани (беэътибор њисобидани) сертификат Маъмурияти МОИ ба маќоми ваколатдори давлатии баќайдгирии давлатї барои беэътибор донистани ќайди давлатии субъектњои МОИ бо нишонии њуќуќии МОИ «Данѓара» мурољиат менамояд.

  • Боби 5

    Танзими рељаи иљозат барои даромад ба њудуди МОИ «Данѓара»

    37. Барои ба њудуди МОИ «Данѓара» даромадан ба намояндагон, хизматчиён, коргарони маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ ва дигар шахсон навъњои зерини рухсатномањо пешбинї мегардад:
    - рухсатномањои доимї;
    - рухсатномањои муваќќатї;
    - кортњои хизматї.
    Шакл ва тартиби омода намудани рухсатномањо аз љониби Маъмурияти МОИ тањия ва тасдиќ мегардад.
    38. Рухсатномањои доимї, аз тарафи Маъмурияти МОИ ба намояндагон, хизматчиён ва коргарони субъектњои МОИ дода мешаванд ва бояд дорои маълумоти зерин бошанд:
    - ном ва мўњри махсуси Маъмурияти МОИ;
    - санаи дода шудан;
    - сурати дорандаи рухсатнома;
    - насаб, ном ва номи падари дорандаи рухсатнома;
    - љойи кор;
    - шартњои рухсат.
    39. Рухсатномањои муваќќатї аз тарафи Маъмурияти МОИ дар даромадгоњи МОИ «Данѓара» ба шахсоне дода мешаванд, ки аз тарафи Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ ба њудуди МОИ «Данѓара» даъват шудаанд.
    Барои гирифтани рухсатномаи муваќќатї субъектњои МОИ ба таври расмї ба Маъмурияти МОИ на дертар аз як рўзи ташрифи шахсони таклифшуда мурољиат менамоянд.
    Ранги рухсатномаи муваќќатї аз дигар рухсатномањо фарќ намуда, он ба хадамоти дахлдори МОИ «Данѓара» њангоми баромадан аз минтаќа баргардонида мешавад.
    Рухсатномањои муваќќатї њангоми пешнињоди њуљљати тасдиќкунандаи шахсият эътибор доранд.
    40. Кортњои хизматї аз тарафи Маъмурияти МОИ ба хизматчиёни Маъмурияти МОИ, инчунин ба шахсоне, ки аз љониби Маъмурияти МОИ киро шудаанд, дода мешаванд ва онњо дорои маълумоти якхела бо рухсатномањои доимї мебошанд.
    41. Бо чунин тартиб рухсатномањо барои даромадани автомобилњо, техникањои гуногун ва ронандагони онњо дода мешаванд.
    42.Рухсатномањо пулакї буда, дар асоси нархномаи муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дода мешаванд.
    43. Субъектњои МОИ бояд дар бораи аз кор рафтани кормандон худи њамон рўз Маъмурияти МОИ-ро огоњ намоянд. Дар ин њолат рухсатномаи доимии корманд ба Маъмурияти МОИ њатман баргардонида мешавад.