Тоҷикистон

Тоҷикистон кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Тоҷикистон кишваре кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони кониву об дорад.

Паҳноварии ин кишвар 143 100 км мураббаъ (195-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории соли 2013 дар Тоҷикистон 8 000 700 тан бошанда буда, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбек 12.2% (2010), 1,3 дарсад  қирғиз, 1 дарсад русу укроиниву тотору ғайра ҳастанд. Дар Тоҷикистон намояндагони 80 миллат зиндагӣ мекунанд.

Забони тоҷикӣ забони давлатӣ мебошад. Русӣ ва англисӣ забони корӣ ва муоширати байнимиллатҳо аст.

Иқлими Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои кӯҳистонӣ хеле гуногун мебошад: субтропикӣ дар водиҳои паст, гарми мӯътадил дар сатҳи миёнаи кӯҳҳо ва хунук дар қисмҳои баландтар аст.

Кишвар дорои мероси бузурги таърихӣ, фарҳанги безавол, ҷойгиршавии ҷуғрофии муфид, гуногунии манзараҳои табиӣ ва минтақаҳои солимгардонӣ, олами набототу ҳайвоноти  шавқовар  мебошад.

Тоҷикистон – кишвари комилан нодир, ки дар он ҳеҷ чизи сунъӣ вуҷуд надорад, ҷое, ки одамони самимӣ, зебо ва мардуми оддӣ зиндагӣ мекунанд.