- Wednesday June 17th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
17 июни соли 2026 роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
![]() |
![]() |
Зимни суҳбат роҳбари маъмурият ба меҳмонон доир ба фаъолияти МОИ «Данғара», фазои мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки барои субъектҳои минтақа имтиёзҳои андозию гумрукӣ, тартиби содакардашудаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, дастрасӣ ба инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионӣ ва шароити мусоид барои истеҳсол ва содироти маҳсулот фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, ба сармоягузорон афзалиятҳои ҷуғрофию логистикии минтақа, имкониятҳои рушди истеҳсолоти рақобатпазир, коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва таъсиси корхонаҳои муштарак муаррифӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар ҳудуди МОИ «Данғара» изҳор намуда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳавасмандии худро таъкид карданд.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»


Русский
English
