ТАБРИКОТИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» СОБИРЗОДА ҶАМШЕД АБДУСАИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони гиромӣ, иқтисодчиёни муҳтарам!
Бо камоли эҳтиром ва самимият Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми кормандони соҳаи иқтисодиёти кишварро ба муносибати Рӯзи иқтисодчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният менамоям.
Соҳаи иқтисодиёт яке аз самтҳои муҳимтарини рушди давлат ба ҳисоб рафта, пешрафти устувори иқтисодиёти миллӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар маҳз аз фаъолияти босамар ва масъулиятноки иқтисодчиён вобастагии калон дорад. Маҳз бо заҳмати шабонарӯзии мутахассисони соҳа, дар кишвар барномаҳои муҳими иқтисодӣ амалӣ гардида, барои рушди устувори давлат заминаи боэътимод фароҳам оварда мешавад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз иқтисодиёти кишвар дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ пешрафтҳои назаррас ба назар мерасанд. Аз ҷумла, татбиқи барномаҳои давлатӣ, рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва савдо, инчунин ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи ҳадафи стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар, солҳои охир дар ҷумҳурӣ даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, иқтидори саноатии мамлакат тадриҷан афзоиш ёфта истодааст. Бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими иқтисодиёти кишвар ба шумор мераванд.
Дар ин раванд Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамчун яке аз марказҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ нақши муҳим дорад. Дар минтақа барои сармоягузорон ва соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муосир, рушди инфрасохтори саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Имрӯз фаъолияти иқтисодчиён, мутахассисони соҳаи молия, банақшагирӣ, таҳлил ва идоракунии иқтисодӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти давлат аҳамияти бузург дорад. Маҳз тавассути дониш, таҷриба ва заҳмати онҳо имкониятҳои нави иқтисодӣ фароҳам гардида, барои рушди минбаъдаи мамлакат заминаи боэътимод гузошта мешавад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, ба ҳамаи кормандони соҳаи иқтисодиёт, иқтисодчиён, соҳибкорон ва шарикони рушд саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза, иқболи баланд ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои назаррас орзу менамоям.
Бигзор заҳмати пурмасъулияти Шумо дар роҳи таҳкими иқтисодиёти миллӣ, рушди истеҳсолот ва пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша самарабахш бошад.



Leave a Reply