ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ СУБЪЕКТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ВАСИМ»

Санаи 06 апрели соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маросими навбатии тақдими Шаҳодатномаи субъекти минтақа баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ, Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид ба роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Васим» шаҳодатномаи расмии субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро тақдим намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҷамъияти мазкур бо ҷалби сармоягузории ватанӣ таъсис ёфта, фаъолияти асосии ширкат ба истеҳсоли моддаҳои кимиёвӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ равона гардидааст.
Қайд карда шуд, ки ба роҳ мондани чунин иқдомҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ барои тақвияти иқтидори саноатии кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидати назаррас хоҳад намуд.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дастгирии ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ дониста, минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.



Leave a Reply