ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ҚИСМҲОИ БАРҚИИ ДАНҒАРА»

Санаи 06 апрели соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маросими тақдими Шаҳодатномаи субъекти Минтақа баргузор гардид.
Дар доираи ин чорабинӣ, Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид ба роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қисмҳои барқии Данғара» Шаҳодатномаи расмии субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро тақдим намуд.
Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки ҷамъияти мазкур бо ҷалби сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсис ёфта, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли намудҳои гуногуни асбобу таҷҳизоти барқӣ мебошад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки таъсиси чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ барои рушди соҳаи саноат, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидати назаррас менамояд.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.



Leave a Reply