АЙЁДАТИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва изҳори меҳру муҳаббат ба қишри ниёзманди ҷомеа ба Муассисаи давлатии интернати ҷумҳуриявии кӯдакони маъюб дар маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Зимни ин айёдат роҳбарияти Маъмурият бо шароити зисту тарбияи тарбиятгирандагони муассиса шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба тарбиятгирандагони муассиса кумакҳои хайриявӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ ва дигар ниёзи аввалия тақдим гардид.

Қайд гардид, ки анҷом додани чунин корҳои хайриявӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз арзишҳои инсондӯстӣ ва эҳсонкорӣ маншаъ гирифта, нишонаи ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои осебпазири ҷомеа ба шумор меравад.

Дар навбати худ масъулини муассиса ба роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Роҳбарияти Маъмурият изҳор доштанд, ки дастгирии иҷтимоӣ ва анҷом додани чунин иқдомҳои хайриявӣ минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.



Leave a Reply