- Wednesday February 11th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №374 ба тасвиб расидааст, корҳои амалӣ вобаста ба шинонидани ниҳолҳоро пайгирона ба роҳ монда истодааст.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар асоси супориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вобастагардида, чорабиниҳои пешбинишуда пурра ва сари вақт иҷро гардиданд.
Ин иқдом бо мақсади таҳкими корҳои кабудизоркунӣ, беҳтар намудани вазъи экологии минтақа, мусоидат ба танзими иқлим ва фароҳам овардани муҳити солиму сабз амалӣ гардида, ҳамчун саҳми амалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор арзёбӣ мегардад.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ чунин ташаббусҳои созандаро идома дода, ҷиҳати афзоиши фазои сабз, ҳифзи табиат ва беҳбуди муҳити зист чораҳои заруриро мунтазам амалӣ хоҳад намуд.


Русский
English


