- Wednesday March 12th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2024, №374 «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдо имрӯз 11 март дар Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки ҳайати роҳбарон ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.
Мақсад аз ин иқдом амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти табдил додани давлати азизамон ба кишвари сабз ба ҳисоб меравад.
Дар ин маъракаи сабзу хуррамгардонӣ зиёда аз 400 бех дарахтони арчаи навъи сузанбарг шинонида шуд. Аз аввали мавсим то имрӯз аз тарафи МОИ «Данғара» беш аз 700 бех дарахтони гуногуни ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст.
Илова бар ин, то охири соли 2025 аз тарафи МОИ «Данғара» шинонидани боз 400 бех дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ба нақша гирифта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи Барномаи давлатии кабудизоркунии Чумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳамасола шинонидани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва мевадиҳанда нақшабандӣ гардидааст Маъмурияти МОИ «Данғара» ҷиҳати таъмини иҷрои барномаи қайдгардида тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Бахши умумӣ ва иттлооти МОИ «Данғара»


Русский
English