Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” – имкониятҳои васеъ барои соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ муҳайё гардонидааст.
Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №74 аз 2 феврали соли 2009 ташкил карда шудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маъмурияти МОИ “Данғара” 541.32 га замин аз ҳудуди ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара ҷудо карда шудааст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медароранд ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ( аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №700 аз 25 марти соли 2011 ба имзо расидааст) ва Низомномаи МОИ «Данғара», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1545 аз 20.01.2010 тасдиқ шудааст. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба Шартномаи Киото (аз 14 маи соли 1973), ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷаҳонро ба танзим медарорад, имзо гузоштааст.
Ҳадаф аз ташкили МОИ “Данғара” тавре ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” моддаи 3 ва Низомномаи МОИ “Данғара”, банди 1 қисми 2 бармеояд, ки ин:
ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёти кишвар;
– баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат;
– таъмини рушди иқтидори иқтисодии кишвар;
– таъмини аҳолӣ бо ҷои кор;
– ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодии байналхалқӣ;
-ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав ва усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ғайраҳо мебошад.
Дар боби 1, моддаи 1 сархати 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» мафҳуми минтақаи озоди иқтисодӣ ба чунин зайл омадааст: «-Минтақаи озоди иқтисодӣ – қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст».
Дар сархати 5-и ҳамин модда мафҳуми Маъмурияти минтақа ин тавр шарҳ дода шудааст: «Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ – ташкилоте, ки мақоми муассисаи давлатиро доро буда, минтақаи озоди иқтисодиро идора менамояд».
Дар моддаи 14, банди 1 омадааст, ки «Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вазифаи идоракунии давлатиро маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ иҷро менамояд».
Дар банди 2, қисми 6-и Низомномаи МОИ «Данғара» омадааст, ки «Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медароранд, амал менамояд.
Дар қисми муносибатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим дароварда нашудаанд, меъёрҳои қонунгузорие, ки ба моҳияти онҳо зид нестанд, амал менамоянд».
Самтҳои асосии афзалиятнок дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” инҳо мебошанд:
– коркарди маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла пахта, пилла, гушт, пашм, пӯст, меваҷот, меваи хушк, коркарди дигар намуди зироатҳо;
– истехсоли мошинсозӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, дастгоҳсозӣ;
– истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва коркарди он;
– истеҳсоли маҳсулотҳои саноати химиявӣ;
– коркарди ашеи хоми маҳаллӣ, аз Ҷумла коркарди санг, дигар канданиҳои фоиданок (ба истиснои тилловорӣ);
– истеҳсоли маводҳои тиббӣ ва дорусозӣ;
– истеҳсоли маводҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқ истеҳсолкунанда;
– коркард ва истеҳсоли маҳсулотҳои чубӣ;
– истеҳсоли нӯшокиҳои гуногун (ба истиснои нӯшокиҳои зераксизӣ);
– мувофиқи талаботҳои мавҷуда барномаи рушди МОИ “Данғара” барои солҳои 2026-2030 ва 2026-2028 ва дурнамои рушди миёна муҳлат таҳия гардида, ки дар он ҳама паҳлуҳои мақсадҳои дар пешистодаи МОИ “Данғара” фаро гирифта шудааст. Ҳамзамон нақшаи кории МОИ барои соли 2026 аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирони МОИ ҷумҳурии тасдиқ шудааст ва корбарӣ аз рӯи ин санадҳои соҳавӣ сурат мегирад.
Яке аз вазифаи асосии Маъмурияти МОИ “Данғара” ин ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёт мебошад. Дар ин самт Маъмурияти МОИ “Данғара” корро мувофиқи мақсад ба роҳ монда, бо роҳҳои гуногун, иштирок дар конфронсу симпозиумҳо, вохуриҳои зиёд бо сармоягузорони хориҷӣ, чопи маводҳои тарғиботӣ, истифодаи ахбори умум ва ғайра тавонист, ки дар ин давра ба муваффақият ноил гардад. Аз ҷумла, айни ҳол дар Минтақа 37 субъект ба қайд гирифта шуда, то ин муддат ба минтақа зиёда аз 2 миллиарду 133 миллон сомонӣ сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ҷалб карда шудааст. Дар баробари ин дар фаъолияти худ Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии ,,Данғара” тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки асоси ҷалби сармояи хориҷӣ ин бунёди инфрасохтори замонавӣ диққати махсус медиҳад.
Дар айни ҳол, дар ҳудуди минтақа ҶДММ “МИСР-2001” ба истеҳсоли шағал, ва қуми сохтмонӣ, ҶДММ“Грин голд” ба коркарди махсулоти донагӣ ва равғани зағер, ҶДММ “Ауфен” ба истеҳсоли конструксияҳои металлӣ машғуланд, ҶДММ «Шенсӣ» зеристгоҳи барқӣ, ҶДММ «Техно-полоиш» истеҳсоли бомпӯшҳо ва битуми сохтмонӣ, ҶДММ «Ғаюр Саноат» истеҳсоли рангҳои синтетикӣ ва андоваҳои декоративӣ, ҶДММ «Тоҷпласт-1» корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, ҶДММ “Сангвор Саноат ” истеҳсоли хишт ва пеноблок, ҶДММ “ Саноати бомпӯшҳои Данғара”истеҳсоли шифер, ҶДММ «Ширкати логистикии байналмилалии МОИ Данғара» ширкати логистикӣ, ҶДММ «Сохтмон-11» коркард ва истеҳсоли хишт машғул мебошанд.
Бояд қайд кард ки дар ҳудуди минтақа дар соли 2024 ба маблағи 57.5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда бошад, пас соли 2025 аз тарафи субъектҳои минтақа ба маблағи беш аз 111.7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ба дохил ва хориҷи кишвар содирот карда шудааст. Ҳамзамон, бо ба кор даромадани чор корхонаи навтаъсис дар соли 2026 истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ дар минтақа метавонад ба беш аз 115 млн сомонӣ расонида шавад.
Теъдоди субъектҳои Минтақа 35 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 16 субъекти истеҳсолии саноатӣ, 5 субъекти хизматрасон, 4 субъект; ҶДММ “Данғара Сзинхуа Семент”, ҶДММ “Сомон Фуд Хатлон”, ва ҶДММ “Ширкати коркард ва истифодаи захираҳои Барқароршавандаи Синчен”, ҶДММ” Сангвор Саноат”идомаи корҳои сохтмонӣ ва 10 субъекти дигар дар марҳилаи ҳуҷҷатгузори ва омодасозии лоиҳаҳои корхонаҳояшон қарор доранд.
Сарчашмаҳои асосии даромади Маъмурияти МОИ “Данғара” мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” моддаи 16 банди 1 ва 2 Низомномаи Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии аз ҳисоби иҷораи қитъаи замин мебошад. Маблағҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, манбаъҳои дохилӣ ва дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурӣ манъ накардааст, мебошанд.
Мувофиқи қонунгузории амалкунанда Маъмурияти Минтақа ҳар сол буҷети худро таҳия намуда, бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷуҳурӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурӣ мувофиқа менамояд ва аз рӯи он фаъолияти молиявии худро ба роҳ мемонад. Маъмурият мувофиқи моддаи 18 банди 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” дар мувофиқа ба Вазорати рушди иқтисод васавдои Ҷумҳурӣ –ҳамчун мақоми ваколатдор ташкил менамояд.
Танзими молиявӣ, асъорӣ ва суғуртавии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”тибқи моддаи 21 бандҳои 1 ва 2, моддаи 23 ба танзим дароварда шудаанд ва Маъмурияти МОИ “Данғара”оид ба ин масъалаҳо пурра аз рӯи меъёрҳои қонунгузорӣ амал мекунад.
Низоми андозӣ дар МОИ “Данғара” дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” моддаи 20, Низомномаи МОИ “Данғара” банди 11 ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 325-326 ба танзим дароварда шудаанд. Маъмурият аз болои субъектҳои минтақа аз рӯи ду намуди андоз (андоз аз даромади шахсони воқеъӣ ва андози иҷтимоӣ) андозсупоранда мебошанд. Дар соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи мамлакат беш аз 3.3 млн сомонӣ пардохт карда шудааст. Тибқи қонунгузорӣ назорат аз болои пардохтҳои андозии субъектҳои МОИ “Данғара” ба зимаи мақомоти андози ноҳияи Данғара вогузор карда шудааст.
Фаъолияти субъектҳои МОИ “Данғара” мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”моддаи 27 аз ҷониби мақомоти назоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо огоҳ намудани макомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ санҷида мешавад. Хусусиятҳои хоси назоратии фаъолияти субъектҳои ҳудуди Минтақа дар он зоҳир мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи қонунгузорӣ, соддагардонии ҳуҷҷатҳова қайди расмияти ҳуҷҷатҳои субъектҳо дар мақомотҳои дахлдори давлатӣ фаъолияти субъектқо ба роҳ монда ба ҷалби сармояи хориҷи ватанӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ асос мегузорад.
Собирзода Ҷамшед Абдусаид. — Роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара»


Русский
English