testimonials

Роҳбарияти ширкати чинии “ХЕ ЛИ” бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома дар бораи сохтмони заводи коркарди нафт дар МОИ “Данғара” ба имзо расонида буд. Барои амалӣ гардонидани ин санад ҶДММ “ТК Ойл” таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро ман ба уҳда дорам.
Бо ерии Роҳбарияти мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро гирифтем, ба ҳамаи шарикон ва мутахассисони мо раводидҳо пешниҳод шуданд. Инчунин қитъаи замин низ ҷудо карда шуд. Хатхои барқ, об ва роҳ гузаронида шуд.Роҳбарияти МОИ ҳамаи шароитҳоро барои кору зиндагии хуб барои кормандонамон таъмин кардааст.
Айни ҳол сохтмони завод 95% иҷро шудааст ва мо тасмим гирифтем, ки то 30 июни соли 2017 заводро ба кор дарорем. Заводи мо заводи калонтарини коркарди нафт дар Осиеи Маркази хоҳад буд. Ҳаҷми сармоягузорӣ 500 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми коркард 1,2 млн тоннро ташкил медиҳад. Ташаккури зиед ба роҳбарияти МОИ “Данғара” дар чунин дастгирӣ!

Сюй Ган (ҶХХ)
Директори генералӣ, ҶДММ ТК Ойл ККН Дангара

Мо кушодашавии МОИ “Дангара”-ро аз сармоягузорони Чин шунидем. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада ба роҳбарони МОИ во хурдем. Онҳо моро хело гарм пешвоз гирифтанд ва дар натиҷа 4 га замин барои сохтмони заводи металлоконструксияҳо ҷудо карданд.
Хаҷми сармоягузориӣ ба сохтмони ин завод 20 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар тули 2 сол мо ин заводро сохтем. Қувваи коркарди завод 120 ҳазор тоннро ташкил медиҳад.
Роҳбарияти МОИ ҳаматарафа моро дастгирӣ карданд. Дар муддати кутоҳ хатҳои об, барқ ва роҳ гузаронида шуд. Ба ҳамаи мутахассисони мо, ки аз хориҷа буданд, раводид пешниҳод карданд. Кушодашавии расмии заводро бесаброна интизорем. Миннатдории худро ба Роҳбарияти МОИ “Данғара” мерасонем.

Руан Банҷун (ҶХХ)
Директор, ҶДММ «Ауфэн»

Мо яке аз аввалин субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мебошем. Мо тасмим гирифтем, ки дар ҳудуди минтақа корхонаи истеҳсоли маводҳои шустушўиро бунёд намоем.
Маъмурияти минтақа ба мо ҳаматарафа ёрии амалии худро мерасонид, ба ҳудуди қитъаи замини мо об, барқ гузаронида шуд ва роҳ бурда шуд. Барои гирифтани раводид ба мутахассисоне, ки мо аз хориҷа даъват менамудем, имкониятҳо фароҳам меовард.
Чунин дастгирии Маъмурияти МОИ «Данғара» буд, ки дар як муддати кутоҳ мо корхонаи маводҳои шустушўиро дар минтақа бунёд намудем ва моҳи марти соли 2014 корхонаи мо бо таври расмӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд.

Маҳдӣ Муҳаммад (ҶИЭ)
Директор, ООО «Тоҷи Осиё»

Testimonials Carousel

Looking for a First-Class Business Plan Consultant?