ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

23 октябри соли 2026 дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест — 2026» сармоягузорони Федератсияи Россия ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи минтақа роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид меҳмононро истиқбол намуда, онҳоро бо фаъолияти минтақа, имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ шинос намуд.
Дар марҳилаи аввали боздид ҳайати меҳмонон аз корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ дидан намуда, бо раванди истеҳсолот, иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аз наздик шинос шуданд.
Сипас, дар толори маҷлисгоҳи Маъмурият вохӯрии корӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ба сармоягузорон имтиёзҳои андозию гумрукӣ, имкониятҳои инфрасохторӣ, шароити ҷойгир намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» муаррифӣ карда шуданд.

Зикр гардид, ки таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои шарик, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва ватанӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Маъмурияти минтақа ба ҳисоб мераванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар партави сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ пайваста талош менамояд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дорои имкониятҳои назаррас буда, рушди муносибатҳои мутақобилан судманд метавонад барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар ин замина, минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамчун майдони мусоиди фаъолияти истеҳсолӣ ва татбиқи ташаббусҳои сармоягузорӣ барои сармоягузорони Федератсияи Россия имкониятҳои нави ҳамкориро пешниҳод менамояд. Маъмурияти минтақа омода аст дар доираи қонунгузории амалкунанда ба сармоягузорон дар баррасии пешниҳодҳои тиҷоратӣ, омӯзиши имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дарозмуддат мусоидат намояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодию сармоягузориро баррасӣ намуда, барои идомаи муколамаи созанда ва омӯзиши имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.



Leave a Reply