- Friday September 18th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
18 сентябри соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маросими тақдими Шаҳодатномаи Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати Оби Ҷави Данғара» баргузор гардид.
![]() |
![]() |
Шаҳодатномаро Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид ба роҳбари ҶДММ «Ширкати Оби Ҷави Данғара» тақдим намуд.
Ҷамъияти мазкур бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфта, самти фаъолияти он истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ ва хизматрасонӣ мебошад.
Таъсиси корхонаҳои нав ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар доираи сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон амалӣ гардида истодааст.
Дар ин замина, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои пайвастаро амалӣ намуда истодааст.
Ҷалби сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» намунаи рушди ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва таҳкими иқтидори саноатии минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъсиси корхонаҳои нав, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва рушди иқтисодии минтақа аҳамияти муҳим дорад.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар доираи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя барои сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолияти худро пайваста идома медиҳад.


Русский
English
