- Saturday August 29th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
27 августи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё» баргузор гардид.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар кори форум намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорон, соҳибкорон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои тиҷоратии дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар форуми байналмилалӣ намояндагони Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва роҳбарону намояндагони субъектҳои хоҷагидори минтақа иштироки фаъолона дошта, имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидори истеҳсолӣ, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва имкониятҳои содиротии минтақаи худро муаррифӣ карданд.
Дар доираи форум намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар баргузор гардид. Субъектҳои МОИ «Данғара» низ дар ин намоишгоҳ бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ иштирок намуда, дастовардҳои истеҳсолӣ, иқтидор ва имкониятҳои рушди корхонаҳои худро муаррифӣ карданд.
Рақамикунонӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Зимни форум масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рақамикунонии равандҳои хизматрасонӣ ва идоракунӣ, рушди инфрасохтори муосир, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ суханронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани низомҳои муосири идоракунӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дастовардҳои субъектҳои МОИ «Данғара»
Яке аз бахшҳои муҳими форум маросими қадрдонии беҳтарин истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони минтақаҳои озоди иқтисодӣ буд.
Боиси ифтихор аст, ки ду субъекти МОИ «Данғара» дар номинатсияи «Беҳтарин истеҳсолкунанда» ва як субъекти минтақа дар номинатсияи «Беҳтарин содироткунанда» сазовори ҷоиза гардиданд.
Ҳамзамон, ба 4 ширкати дигар тасдиқномаи субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» супорида шуд.
Натиҷаҳои мазкур аз фаъолияти самараноки субъектҳои минтақа, рушди истеҳсолоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротӣ ва фароҳам гардидани имкониятҳои нави рушди соҳибкорӣ шаҳодат медиҳанд.
Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ
Дар ҳошияи форум мулоқоту вохӯриҳои корӣ баргузор гардида, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, маросими ба имзо расонидани ёддоштҳои тафоҳум миёни ҷонибҳои манфиатдор баргузор шуд.
Иштироки Маъмурият ва субъектҳои МОИ «Данғара» дар форуми мазкур барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолии минтақа, барқарор намудани робитаҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузорони эҳтимолӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мусоидат намуд.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ ҷиҳати ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, рушди истеҳсолоти муосир, дастгирии субъектҳои хоҷагидор, афзоиши иқтидори содиротӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ фаъолияти худро тақвият хоҳад дод.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»


Русский
English


