- Saturday August 22nd, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
22 августи соли 2026 ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию истеҳсолӣ ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Меҳмононро роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид истиқбол намуда, ба ҳайати сармоягузорон оид ба фаъолияти минтақа, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ, самтҳои афзалиятноки истеҳсолӣ ва шароити мусоиди соҳибкорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии сармоягузорон аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дорои имкониятҳои мусоиди ҳуқуқӣ, андозию гумрукӣ, инфрасохтори зарурӣ ва шароити муносиб барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ мебошад.
Ба сармоягузорон оид ба имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инфрасохтори муосир, имкониятҳои энергетикӣ ва иқтидори истеҳсолию содиротии минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамзабон барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни боздид бо имкониятҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтории Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос гардида, омодагии худро барои баррасии самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки чунин вохӯриҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳанд кард.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»


Русский
English


