ИДОМАИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БАХШИДА БА САЗОВОР ПЕШВОЗ ГИРИФТАНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26 июни соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» идомаи аксияи тозагӣ ва ободонӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдоми созанда кормандони Маъмурият бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳудуди Маъмурият ва гирду атрофи он корҳои тозакунӣ, сабзкорӣ ва ободонӣ анҷом доданд.

Ҳадафи асосии баргузории аксияи мазкур баланд бардоштани сатҳи маданияти шаҳрнишинӣ, ҳифзи муҳити зист, ободонии муҳити корӣ ва саҳмгузорӣ дар сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷараёни аксия таъкид гардид, ки чунин иқдомҳои созанда на танҳо ба зебоии муҳити атроф мусоидат мекунанд, балки ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии кормандонро низ тақвият мебахшанд.
Кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» изҳор намуданд, ки минбаъд низ дар баргузории чунин чорабиниҳои ободониву созанда фаъолона иштирок намуда, дар рушду пешрафти ватани маҳбуб саҳми арзандаи худро мегузоранд



Leave a Reply