- Friday June 26th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
26 июни соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба ифтихори таҷлили 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги халқи тоҷик ва омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни суханронӣ роҳбари Маъмурият таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил қарор дошта, ба дастовардҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо ноил гардидааст.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 9 апрели соли 2026 бо иттифоқи оро қабул гардид, далели равшани эътирофи байналмилалии нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ мебошад.
Ин ташаббуси таърихӣ ба таҳкими муколамаи созанда, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва таъмини сулҳу суботи устувор ба хотири зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзаву оянда равона гардидааст.
Дар идома иштирокчиён вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таҳкими интизоми меҳнат, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди фаъолияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа роҳбари Маъмурият кормандонро ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, комёбиҳои нави меҳнатӣ ва муваффақият дар фаъолияти хизматӣ орзу намуд.


Русский
English