- Monday May 25th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Ҳамдиёрони азиз, ҷавонони саодатманд ва варзишгарони гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи Шумо – ҷавонони фаъоли кишвар ва дӯстдорони варзишро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику таҳният менамоям.
Ҷавонон нерӯи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа буда, саҳми онҳо дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат рӯз аз рӯз бештар мегардад. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ҷавонон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвар табдил ёфтааст.
Пешвои миллат ҳамеша ба неру, дониш ва қобилияти ҷавонон эътимоди баланд зоҳир намуда, онҳоро ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб менамоянд. Ин боварии давлат ба ҷавонон масъулияти ҳар яки моро барои хизмати содиқона ба Ватан, таҳкими давлатдорӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам бештар мегардонад.
Варзиш, бахусус футбол, воситаи муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии ҷавонон мебошад. Гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар байни ҷавонон барои тарбияи ҷисмонӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва муаррифии истеъдодҳои ҷавон нақши арзишманд дорад.
Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи ҷавонон, варзишгарон ва сокинони кишвар саломатии бардавом, рӯҳияи қавӣ, комёбиҳои нав дар фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил ва варзиш орзу менамоям. Бигзор ҷавонони кишвар ҳамеша парчамбардори илму дониш, созандагӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз бошанд.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак!
Бо эҳтиром,
Собирзода Ҷамшед Абдусаид
Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»


Русский
English