- Friday May 8th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Ҳамватанони гиромӣ!
Сокинони сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ҳамасола 9-уми май дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизм бо эҳтирому ифтихори хоса таҷлил мегардад. Ин санаи таърихӣ рамзи ҷасорату матонат, садоқат ба Ватан, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва пирӯзии адолат бар зулму истибдод мебошад.
Имсол аз Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 81 сол сипарӣ мегардад. Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин рӯйдоди бузург ҳаргиз коста намегардад, балки ҳамчун мактаби бузурги ватандӯстӣ, шуҷоат ва худшиносии миллӣ барои наслҳои имрӯзу оянда хизмат менамояд.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар қатори дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар таъмини ин Ғалабаи бузург саҳми арзанда гузоштаанд. Зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони далеру ватандӯсти тоҷик ба майдонҳои муҳориба сафарбар гардида, ҳазорон нафари онҳо барои ҳифзи озодӣ, сулҳу амният ва зиндагии осоиштаи инсоният ҷони худро нисор намуданд. Қаҳрамониву фидокории онҳо барои ҳар як фарди ҷомеа намунаи олии садоқат ба Ватан ба шумор меравад.
Дар баробари ҷанговарон, мардуми ақибгоҳ низ бо меҳнати шабонарӯзӣ баҳри таъмини фронт саҳми бузург гузоштанд. Модарону бонувон, пиронсолону ҷавонон дар шароити вазнини ҷанг бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ фаъолият намуда, барои наздик гардидани рӯзи Ғалаба хизматҳои шоиста анҷом доданд.
Имрӯз моро зарур аст, ки корнамоиҳои фарзандони шуҷои миллатро пос дошта, баҳри таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.
Боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони азизамон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ роҳи рушду пешрафтро устуворона идома дода истодааст. Ҳифзи ин неъмати бузург — сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» низ дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ фаъолияти самаранокро идома медиҳад.
Дар ин рӯзи муборак ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, оилаҳои шаҳидон ва тамоми мардуми шарафманди кишварро самимона табрик намуда, ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, саодати зиндагӣ ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намудани Тоҷикистони азизро орзу менамоям.
Бигзор осмони софу беғубори Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша орому осуда бошад ва парчами сулҳу ваҳдат бар фазои Ватани азизамон ҷовидона парафшон монад.
81-солагии Рӯзи Ғалаба муборак бод!


Русский
English