СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ФАЙЗ БАҲОРИ ДАНҒАРА»

Санаи 10 апрели соли 2026 дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маросими расмии супоридани шаҳодатномаи субъекти минтақа баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баҳори Данғара» шаҳодатномаи расмии субъекти Минтақаи озоди иқтисодиро супорид.

Бояд зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ки таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

ҶДММ «Файзи баҳори Данғара» бо сармоягузории ватанӣ таъсис ёфта, фаъолияти асосии он ба хизматрасонии логистикӣ равона гардидааст. Ин самти фаъолият дар раванди рушди инфрасохтори логистикии минтақа ва дастгирии субъектҳои иқтисодӣ нақши муҳим дошта, барои беҳтар намудани гардиши молу маҳсулот ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳо дар ҳудуди минтақа ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Маъмурият иброз намуд, ки ҷалби сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин рушди ширкатҳои хизматрасонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба ҳисоб рафта, минбаъд низ барои дастгирии чунин ташаббусҳо тамоми имкониятҳои мавҷуда равона карда мешаванд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба намояндагони ширкат барои фаъолияти минбаъда муваффақият ва рушди устувор таманно карда шуд.



Leave a Reply