ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Санаи 31 марти соли 2026 гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварда, аз рафти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақа боздид ба амал оварданд.

Дар идомаи сафар мулоқоти расмии онҳо бо Роҳбари Маъмурияти минтақа Собирзода Ҷамшед Абдусаид баргузор гардид. Зимни мулоқот роҳбари маъмурият доир ба имкониятҳои иқтисодию истеҳсолӣ, имтиёзҳо ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар минтақа маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми мулоқот сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин аз имкониятҳои мавҷудаи минтақа изҳори ҳавасмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.



Leave a Reply