- Monday January 19th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 19 январи соли 2026 дар назди Роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Маъмурият ва субъектҳои Минтақа дар соли 2025, инчунин муайян намудани вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти кории барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Муовини Роҳбари Маъмурият, Роҳбари Дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳо иштирок намуда, баромадҳои онҳо доир ба натиҷаҳои фаъолияти солона шунида шуданд. Зимни баррасии масъалаҳо иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида, амалишавии дастуру супоришҳои роҳбарият, сатҳи ҳамкории сохторҳо ва фаъолияти субъектҳои Минтақа мавриди таҳлилу арзёбии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Роҳбари Маъмурият фаъолияти умумии Маъмурият ва субъектҳои Минтақаро дар соли 2025 хуб арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, дар самти ташкили фаъолияти идоракунӣ, беҳтар намудани муҳити корӣ ва пешбурди ҳамкориҳо натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд.
Ҳамзамон, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолият, ба як қатор масъалаҳо ва камбудиҳои мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, зарурати таҳкими интизоми меҳнат, истифодаи пурра ва самараноки имкониятҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор, сари вақт пардохт намудани маблағҳои обу барқ ва иҷораи замин, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷониби кормандон таъкид гардид.
Дар идомаи ҷаласа барои соли 2026 вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Маъмурият муайян карда шуданд. Таъкид шуд, ки дар соли нав масъулиятшиносӣ, назорати қатъии иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, инчунин ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ бояд дар меҳвари диққати роҳбарият ва тамоми кормандон қарор дошта бошанд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар анҷоми ҷаласа, бо назардошти саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти Маъмурият, фаъолияти намунавӣ ва натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ, як қатор кормандони Маъмурият аз ҷониби Роҳбари Маъмурият бо ИФТИХОРНОМАҲО қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, кормандоне, ки ба синни нафақа расидаанд, барои хизмати софдилона, содиқона ва чандинсолаи худ ба давлату ҷомеа бо ИФТИХОРНОМАҲО ВА ТУҲФАҲОИ ХОТИРМОН қадр гардида, бо эҳтиром ва сарбаландона ба нафақа гусел карда шуданд.
Ҷаласа дар фазои корӣ, созанда ва бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ ҷамъбаст гардида, барои фаъолияти минбаъдаи Маъмурияти МОИ «Данғара» дар соли 2026 заминаи мусоид ва ҳадафманд гузошт.


Русский
English






