ИМРӮЗ ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОН МАҲРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз, бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо иштироки роҳбарият ва кормандон чорабинии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ бо риояи пурраи талаботи агротехникӣ ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуданд. Ин иқдоми созанда ба беҳтар намудани вазъи экологӣ, ҳифзи муҳити зист, ғанӣ гардонидани фонди сабзи кишвар ва фароҳам овардани муҳити солими зист барои аҳолӣ равона гардидааст.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию кабудизоркунӣ фаъолияти худро пайваста ва самаранок идома хоҳад дод.



Leave a Reply