- Monday December 15th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 12 декабри соли 2025 раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин ва роҳбари Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид аз чанд корхона ва иншооти саноатӣ, ки сохтмонашон ба тозагӣ оғоз гардидааст, боздид намуданд. Зимни боздид роҳбарият аз наздик бо раванди корҳои сохтмонӣ, иқтидорҳои ояндаи истеҳсолӣ ва шароити ҷалби сармоя шинос гардиданд. Таъкид шуд, ки анҷомёбии босифати сохтмон ва ба кор даромадани ин корхонаҳо барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти ноҳия ва зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
![]() |
![]() |
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти объектҳои нави истеҳсолӣ, дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ «Данғара» вохӯрии кории раиси ноҳия ва роҳбари маъмурият бо роҳбарон ва намояндагони субъектҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.
Мақсади асосии вохӯрӣ — шиносоии наздик бо фаъолияти сармоягузорон, тавзеҳи дастгириҳои давлатӣ аз соҳибкорӣ, пешниҳоди имкониятҳои нав барои густариши истеҳсолот, коҳиш додани талафоти нерӯи барқ дар корхонаҳо, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва таъмини муҳити боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ буд.
![]() |
![]() |
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҷалби бештари сармоягузорон, таъсиси корхонаҳои муосир, истифодаи имтиёзҳои андозӣ ва густариши инфрасохтор пайваста дастгирӣ менамоянд.
Зикр шуд, ки МОИ «Данғара» дорои имкониятҳои фарох барои татбиқи лоиҳаҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолии наву замонавӣ, баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ мебошад. Ҳамзамон масъалаи рационалӣ ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, ҷорӣ намудани технологияи каммасраф ва коҳиш додани талафоти барқ дар фаъолияти корхонаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки нисбати субъектҳои фаъолияткунанда дар ҳудуди минтақа санҷишҳои беасос роҳ дода намешавад. Сиёсати давлатӣ ба дастгирии соҳибкорон, соддагардонии равандҳои маъмурӣ ва фароҳам овардани фазои орому бехатари сармоягузорӣ равона шудааст. Ин иқдом барои фаъолияти устувор ва татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва роҳбарияти маъмурият итминон доданд, ки минбаъд низ барои рушди иқтисодии минтақа, татбиқи лоиҳаҳои нав, густариши ҳамкориҳо ва боло бурдани сатҳи сармоягузорӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории муштарак, таҳкими робитаҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда баён карданд.


Русский
English


