ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ҶДММ «ДЕТЙЕН БЕТОН» ДАР МОИ ДАНҒАРА

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба марҳилаи дуюми фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Детйен Бетон» ҳусни оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таъсис ёфта, яке аз аввалин иқдомҳои муваффақ дар самти истеҳсол ва коркарди масолеҳи бетонии сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Таҷҳизоти истеҳсолии он аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гардида, имконияти истеҳсоли намудҳои гуногуни бетон ва дигар масолеҳи сохтмониро бо сифати баланд фароҳам меорад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҶДММ «Детйен Бетон» бо назардошти сифат ва устувории он дар бозори дохилӣ талаботи зиёд дошта, ҳамзамон ба кишварҳои ҳамсоя низ содирот мегардад. Бо ба кор даромадани марҳилаи дуюм, иқтидори истеҳсолии корхона ба маротиб афзуда, имкони содироти мунтазам ва таъмини лоиҳаҳои бузурги сохтмонии ҷумҳурӣ бо масолеҳи ватанӣ фароҳам шудааст.

Айни замон дар корхона, ғайр аз мутахассисони чинӣ, зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши шоиста таъмин мебошанд. Ин иқдом ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ дар минтақа мусоидат мекунад.

Бунёди чунин иншооти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додаанд.

Таъкид гардид, ки имрӯз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба яке аз марказҳои муҳими рушди саноат, ҳамкории иқтисодии хориҷӣ ва татбиқи технологияҳои муосир табдил ёфтааст. Пешрафти босуръати ин минтақа дар даврони соҳибистиқлолӣ далели равшани таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба рушди саноат, иқтисодиёт ва фароҳамсозии шароити мусоиди сармоягузорӣ мебошад.

Коргарону мутахассисон изҳор доштанд, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таҳкими неруи инсонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар кӯшиш хоҳанд кард.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхона бо кормандон мулоқот намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифат ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд.



Leave a Reply