Пайёми табрикотии Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мардуми сарбаланду шарафманди Тоҷикистони азиз!

      Бо эҳсоси ифтихори бузург ва самимияти беандоза, Шуморо ба ифтихори ҷашни муқаддасу сарнавиштсози миллати тоҷик – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

       Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тамаддунофари тоҷик мебошад, ки дар таърихи навини халқи мо саҳифаи тиллоӣ кушода, заминаи воқеӣ барои эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини рушди сиёсиву иҷтимоӣ ва пешрафти устувори кишвар гардид. Ин санаи муборак моро ба арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори гузашта, вафодорӣ ба давлату миллат ва масъулияти бузург дар роҳи созандагиву ободонӣ водор месозад.

        Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҷасорату сиёсати хирадмандона, садоқату матонати бедорхотир ва фидокориҳои таърихии хеш кишвари моро аз вартаи ҷанг наҷот бахшида, сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи пойдорро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барқарор намуданд, имрӯз миллати мо бо сарбаландӣ роҳи рушди босуботро тай мекунад.

      Корнамоиҳои Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, истиқрори сулҳу амният, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, созмондиҳии корҳои бузурги ободонӣ, бунёди садҳо иншооти муҳими энергетикӣ, нақлиётӣ, иҷтимоӣ ва саноатӣ ба мардуми тоҷик ва ояндаи неку дурахшони Ватани азиз замина гузоштааст. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихор ҳамчун давлати пешрафтаю мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста пайдо кардааст.

        Мо – масъулину кормандони Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо пайравӣ аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат, дар фаъолияти худ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият илҳом гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо ҷалби сармоягузориҳо, рушду густариши истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми арзандаи худро дар тараққиёт ва шукуфоии Ватани маҳбубамон гузорем.

     Дар ин рӯзи муқаддас ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу суботи пойдор, тинҷию осоиштагӣ, файзу баракати рӯзгор, саодати хонаводагӣ ва пешрафту тараққиёти ҳамешагиро орзу менамоям.

       Бигзор парчами Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша парафшон бошад ва Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат рӯ ба рушду нумӯъ оварад!

Бо эҳтиром,

Собирзода Ҷамшед Абдусаид

Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»



Leave a Reply