Тақдими Шаҳодатномаи Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии ,,Данғара” ба ҶДММ «Саноати Бомпӯшҳои Данғара»

Санаи 6 сентябри соли 2025, Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд «Саноати Бомпӯшҳои Данғара» Шаҳодатномаи МОИ «Данғара» супорид.

ҶДММ «Саноати Бомпӯшҳои Данғара» бо сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфта, фаъолияти худро дар ҳудуди Минтақа дар самти истеҳсоли шифер ба роҳ мемонад. Амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ба рушди саноати сохтмонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии минтақа саҳми арзанда хоҳад гузошт.



Leave a Reply