- Friday June 6th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 5 июни соли 2025 Губернатори вилояти Шэнси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамроҳӣ бо муовини раиси вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Данғара бо мақсади шиносоии наздик бо фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид ба амал оварданд.
Меҳмонони олиқадрро роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Данғара» истиқбол гирифта, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти минтақа, инфрасохтори муҳайёшуда, имтиёзҳои сармоягузорӣ, инчунин чорабиниҳои дастгирии давлатӣ ба соҳибкорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни боздид, ҳайати расмӣ аз як қатор корхонаҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар ҳудуди МОИ «Данғара» фаъолият доранд, аз ҷумла:
ҶДММ «Авфен»
ҶДММ «Шэнсӣ»
Боздид ба амал оварда, бо раванди истеҳсолӣ, иқтидорҳои технологӣ ва дурнамои рушдии ин ширкатҳо аз наздик шинос шуданд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар самтҳои рушди саноат, бахши сохтмон, коркарди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои нави муштарак мавриди муҳокима қарор доданд.
Ин боздиди сатҳи баланд аз ҷониби ҳайати расмии вилояти Шэнси далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имкониятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба шумор меравад.
Маъмурияти МОИ «Данғара» изҳори омодагии комил намуд, ки барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав ва фароҳам сохтани муҳити мусоиди сармоягузорӣ тамоми тадбирҳои заруриро рӯи даст гирифта, онҳоро босамар амалӣ хоҳад кард.
Мо бо чунин ташриф ва ҳамкориҳои созанда ифтихор менамоем ва бо боварии комил изҳор медорем, ки ин сафар оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаи муфид хоҳад буд.


Русский
English