Сиесати муҳоҷират

Сиёсати муҳоҷирати меҳнатиро дар МОИ “Данғара” қонунгузории Ҷумҳурии Тоҹикистон дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҹумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои ба расмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” №31 аз 25 январи соли 2017, банди “и” ва Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, банди 74, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1545 аз 20.01.2010 тасдиқ шудааст, ба танзим медарорад.
Даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва тамдиди раводид, ки раводиди навъи МОИ мегиранд, дар асоси мактуби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба Маъмурияти минтақа ва дархости Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба Консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ сурат мегирад.
Маъмурияти минтақа ба субъектҳо мувофиқи дархости онҳо, ки дар асоси бизнес-нақшаҳо пешниҳод карда мешавад, Иҷозатнома (Лицензия) барои шумораи муайяни мутахассисони даъватшаванда медиҳад. Инчунин, Маъмурияти минтақа ба мутахассисоне, ки аз хориҷа барои фаъолияти меҳнатӣ кардан дар ба МОИ даъват мешаванд, иҷозатнома барои кор ва ё корти корӣ медиҳад, ки он танҳо дар ҳудуди минтақа амал мекунад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои баромадан аз ҳудуди минтақа роҳбарияти субъект ба мутахассиси хориҷӣ варақаи сафарӣ медиҳад, ки онро бояд Маъмурияти минтақа тасдиқ намояд.
Чунин тарзи кор барои субъектҳои минтақа бисёр манфиатовар мебошад, чунки даъвати мутахассисон ва фаъолият намудани онҳоро дар ҳудуди минтақа хеле осон мегардад.