- Wednesday December 10th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 10 декабри соли 2025 ду гурӯҳи алоҳидаи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд. Меҳмонон дар вақти гуногун ба минтақа расида, аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» бо самимият ва эҳтироми хос истиқбол карда шуданд.
![]() |
![]() |
Ҳар як гурӯҳ дар ҷараёни боздиди худ аз корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди минтақа дидан намуда, бо ҷараёни фаъолият, инфрасохтори муосир, имкониятҳои мавҷуда ва иқтидори истеҳсолии МОИ «Данғара» аз наздик шинос гардид.
Пас аз шиносоӣ бо корхонаҳо, барои ҳар ду гурӯҳи сармоягузорон вохӯриҳои алоҳида дар утоқи кории роҳбари маъмурият баргузор шуданд. Дар мулоқотҳо сармоягузорон бо шароити мусоиди сармоягузорӣ, имкониятҳои афзалиятноки минтақа, имтиёзҳои пешниҳодшаванда ва дастгирии фаъолонаи маъмурият шинос карда шуданд.
![]() |
![]() |
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими стратегии Минтақаи Озоди Иқтисодии «Данғара» ба ҳисоб меравад ва саҳми сармоягузорони чинӣ дар рушди саноат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ назаррас мебошад. Роҳбари маъмурият таъкид намуд, ки МОИ «Данғара» ҳамеша омода аст бо ҳамаи сармоягузорон ҳамкории зичу созанда ба роҳ монад ва барои онҳо шароити мусоид, дастгирии ҳамаҷониба ва амнияти сармоягузориро таъмин намояд.
Боздиди ҳар ду гурӯҳи сармоягузорони чинӣ дар фазои дӯстӣ, эҳтиром ва ҳамкории мутақобилан судманд анҷом ёфта, ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию сармоягузорӣ изҳор карданд.


Русский
English


