- Thursday November 27th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
No Comments
Имрӯз меҳмонони вилояти Ленингради Федератсияи Россия бо сафари корӣ ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд. Дар даромадгоҳ меҳмононро роҳбарияти Маъмурият самимона пешвоз гирифт.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар доираи барнома меҳмонон аз як қатор корхонаҳои истеҳсолии фаъол дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ боздид намуда, бо шароити истеҳсолӣ, инфрасохтори муосир ва имкониятҳои мавҷуда аз наздик шинос шуданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Сипас вохӯрии расмӣ дар маҷлисгоҳи Маъмурият баргузор гардида, ҷараёни он дар сатҳи баланд сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуданд.


Русский
English






