Боздиди сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин аз Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Санаи 13 ноябри соли 2025 роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо рӯҳияи баланд ва самимияти хосса истиқбол гирифт.

Дар рафти мулоқот меҳмонон бо шароити мусоид, имкониятҳои мавҷуда ва инфрасохтори муосири минтақа аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин, роҳбарияти минтақа сармоягузоронро ба як қатор корхонаҳои истеҳсолии дар ҳудуди МОИ «Данғара» фаъолияткунанда шинос намуд, ки дар он ҷо меҳмонон бо ҷараёни истеҳсолот ва дастовардҳои корхонаҳо аз наздик ошно гардиданд.

Зимни боздид, меҳмонон бо сармоягузорони чинӣ, ки қаблан дар ҳудуди минтақа ба фаъолият оғоз кардаанд, вохӯрӣ анҷом дода, тавассути ҳамватанони худ ба саволҳои марбут ба фаъолияти иқтисодию сармоягузорӣ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Роҳбарияти минтақа дар ҷараёни суҳбат таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсояи нек, дӯсту шарики боэътимод ба ҳисоб меравад. Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки ҳамкориҳои судманд миёни соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду кишвар дар самтҳои мухталиф минбаъд боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.



Leave a Reply