- Sunday October 5th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Ҳамватанони гиромиқадр!
Забони тоҷикӣ — ин пайвандгари наслҳост, инъикосгари рӯҳи миллат ва пойдевори фарҳанги куҳанбунёди мост.
Имрӯз, вақте мо Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегирем, бо эҳтироми баланд ёдовар мешавем, ки эҳёи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ маҳз бо хирадмандӣ, ирода ва садоқати фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воқеият табдил ёфт.
Дар рӯзгори пурташвиши оғози Истиқлол, маҳз бо ташаббус ва ҷонфидоии Пешвои миллат забони тоҷикӣ мақоми расмии давлатиро касб кард, ҳамчун омили ваҳдату якпорчагии миллӣ пазируфта шуд ва ба яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ табдил ёфт.
Бо фарорасии ин санаи муқаддас – Рӯзи забони давлатӣ – ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям!
Забон танҳо воситаи гуфтор нест — он шиносномаи миллат, рамзи ҳастии мо ва ойинаи шуури миллӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат, ҳифзи покии забони давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди бедордил ва ватанпараст аст.
Мо дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» забони тоҷикиро ҳамчун воситаи пайванди наслҳо, заминаи муколамаи иҷтимоӣ ва рукни худшиносии миллӣ гиромӣ медорем.
Шумо — ҳамватанони азизро даъват менамоям, ки забони ноби модариро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба наслҳои оянда бо ифтихор ва асолати комил мерос гузорем.
Бо орзӯи саломатӣ, рӯшанӣ ва баракати забон — ин ҷону ҳастии миллатамон!
Бо эҳтиром,
Собирзода Ҷамшед Абдусаид
Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»


Русский
English