- Friday September 26th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 25 сентябри соли 2025, гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» самимона истиқбол гирифт. Дар ҷараёни сафари шиносоӣ, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди Минтақа дидан намуда, бо раванди фаъолият, иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои рушди соҳаҳо шинос гардиданд.
Баъд аз боздид, дар маҷлисгоҳи Маъмурият вохӯрии расмӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ, роҳбари Маъмурият сармоягузоронро бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, махсусан ҷалби сармояи хориҷӣ, шинос намуд.
Ҳамзамон, имконияту шароити мавҷуда барои таъсиси корхонаҳо ва рушди тиҷорат ба сармоягузорони чинӣ муфассал фаҳмонида дода шуд. Ҷониби Чин аз сатҳи ҳамкорӣ ва шароити муҳайёшуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ карданд.
Сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин миннатдории самимии худро ба роҳбарият ва кормандони Маъмурият баён намуда, роҳбари Минтақаро барои боздид ва шиносоӣ аз имкониятҳои иқтисодӣ ва саноатии Чин даъват намуданд.

Ин ташриф боз як қадами муҳиме дар густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари дӯсту бародар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, заминаи мусоидро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармояи бештар фароҳам месозад.


Русский
English